АМАЛИЁТИ «БАЧАҲО»

Сентябрь 3, 2009 09:11

                 Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори дафтари матбуотии Раёсати бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе полковники милитсия Шерафган Латипов, аз 25 –уми август то 10 –уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Бачаҳо» давом мекунад.                 Ин амалиёт ба саршавии соли хониш дар мактабҳои шаҳр вобаста аст. Кормандони бозрасӣ то оғози соли хониш дар он кӯчаҳое, ки мактабҳо ҷойгир шудаанд, аломатхои махсуси огоҳкунанда гузоштанд.                Рӯзи якуми сентябри соли ҷорӣ кормандони бозрасӣ дар тамоми мактабҳои пойтахт бо бачагон вохӯрӣ доир намуда, қоидаҳои асосии бехатариро ҳангоми гузаштан аз чорраҳа ва риояи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро ба хонандагон фаҳмониданд.               Бовуҷуди гузаронидани чорабиниҳо дар ин рӯз 1 нафар хонандаи синфи 2-юм дар садамаи автомобилӣ ҳалок гардид.               Аз аввали сол бо иштироки бачаҳо ва наврасон 74 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 8 нафар ба ҳалокат расида 72 нафар ҷароҳатҳои гуногун гирифтанд.  

Сентябрь 3, 2009 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад