АМАЛИЁТИ «БАЧАҲО»
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори дафтари матбуотии Раёсати бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе полковники милитсия Шерафган Латипов, аз 25 –уми август то 10 –уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Бачаҳо» давом мекунад. Ин амалиёт ба саршавии соли хониш дар мактабҳои шаҳр вобаста аст. Кормандони бозрасӣ то оғози соли хониш дар он кӯчаҳое, ки мактабҳо ҷойгир шудаанд, аломатхои махсуси огоҳкунанда гузоштанд. Рӯзи якуми сентябри соли ҷорӣ кормандони бозрасӣ дар тамоми мактабҳои пойтахт бо бачагон вохӯрӣ доир намуда, қоидаҳои асосии бехатариро ҳангоми гузаштан аз чорраҳа ва риояи қоидаи ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро ба хонандагон фаҳмониданд. Бовуҷуди гузаронидани чорабиниҳо дар ин рӯз 1 нафар хонандаи синфи 2-юм дар садамаи автомобилӣ ҳалок гардид. Аз аввали сол бо иштироки бачаҳо ва наврасон 74 ҳодисаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 8 нафар ба ҳалокат расида 72 нафар ҷароҳатҳои гуногун гирифтанд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






