АСАРИ НАВИ САҲНАВӢ

Сентябрь 8, 2009 16:34

             Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мавсими нави театрӣ дар театри академӣ драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши асари саҳнавии «Шов-шов» шурӯъ мегардад. Мавсими нави театр 23 сентябр кушода хоҳад шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори театр Ибодулло Машрабов хабар дод.            Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг ба намоишномаи мазкур баҳои мусбат дода буд. Муаллифони он драмнависони маъруф Низом Қосимов ва Ҷумъа Қуддус мебошанд.И. Машрабов зикр намуд, ки барои ҷашни театр, ки дар моҳи ноябр баргузор мешавад, ҳунармандони театр ба ӯҳда гирифтаанд, ки ду асари нав ба саҳна мегузоранд.

Сентябрь 8, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд