АЗ ИМТИЁЗҲО БО САМАР ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Рашт, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзо Ризвонов).- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулини бахши кишоварзӣ дар ҳашт моҳи соли равон тавассути бонкҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолият дошта, ба соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 847 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Инчунин баҳри таъмини кишоварзон ду нуқтаи фурӯши тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ ташкил карда шудааст, ки аз онҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ бе мамониат истифода мебаранд. То охири сол ба 4 нуқта расонидани чунин фурӯшгоҳҳо дар назар аст. Бо мақсади ҳалли мушкилоти марди деҳқон дар ноҳия хизматрасонии техникӣ фаъолият дорад, ки он дорои 8 трактор буда, 10 нафар ҷавонон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






