БАРҚИЯИ ШОДБОШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА УНВОНИ ИСЛОМ КАРИМОВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад: «Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, аз фурсати мусоид истифода бурда, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми Ӯзбекистонро ба муносибати солгарди навбатии иди миллии мамлакататон – эълони истиқлолияти давлатии он самимона табрик менамоям. Мамлакатҳои моро муносибатҳои бисёрасраи дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳамдигар мепайванданд. Мо дар марҳалаи ҳозира ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун густариш бахшида, мисли пештара давом додани анъанаҳои неки гузаштаю имрӯзаро ҷонибдорӣ менамоем. Муносибатҳои мо аз бисёр ҷиҳат ба шарофати кӯшишҳои Шумо вақтҳои охир нерӯи тоза пайдо карданд. Ин ба истифодаи бештари имкониятҳои равнақу ривоҷи ҳамкории мамлакатҳоямон кӯмак мерасонад. Мо умедвори идомаи ҳамкории мутақобалаи самарабахши Тоҷикистону Ӯзбекистон ба манфиати халқҳои онҳо ва таъмини амнияту суботи минтақа мебошем. Мо барои ин тайёрем, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода барем. Аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш истифода бурда, ба Шумо, Ислом Абдуғаниевичи гиромӣ саломатӣ, барору комёбиҳои нав ва ба халқи бародари ӯзбек дар оилаи калони миллатҳои Осиёи Марказӣ сулҳу осоиш, шукуфоӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям».








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






