БАРНОМАИ КОНСЕРТӢ БО ИШТИРОКИ ҲУНАРПЕШАГОНИ ШИНОХТА
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябр дар Кохи Борбад барномаи консертӣ баргузор менамояд. Дар он аз ҷониби ҳунарпешагони шинохта аз ансамблҳои «Дарё», «Фалак», «Шашмақом», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев ва овозхонони эстрада Б. Иброҳимов, Д. Қурбонова, Ж. Шаинян, Шўҳрат Сайнаков, ҳамчунин аз Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, хонандагони мактаби махсуси мусиқии ба номи М. Атоев суруду таронаҳо аз эҷодиёти шоирони классик ва муосир садо хоҳанд дод. Инчунин дар барномаи консертӣ дастаҳои рақсии «Зебо», «Рухшона», Гулрез«, «Лола» ва ансамблҳои рақсии кўдаконаи «Лаъл», «Ғунчаҳои пойтахт» ва гимнастикаи бадеии бачагонаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои рақсӣ пешниҳод мекунанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






