БАРРАСИИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ПАХТАКОРОН

Сентябрь 4, 2009 11:36

               Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Тайи чанд сол аст, ки бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои пахтакор, роҳҳои дарёфти ҳаллу фасли қарзҳои пешина, таъмини тухмиҳои хушсифат ва тарбияи маърифативу иқтисодии кишоварзон дар Тоҷикистон Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва рушди соҳа фаъолият мекунад.                Бо мақсади огоҳ шудан ба фаъолияти кишоварзон ва кӯмакрасонӣ ба онҳо дар ноҳияи Вахш бо иштироки роҳбарияти ин марказ ва раисони якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳо, беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, ҷалби занон ба соҳаи кишоварзӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.                Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои марказ ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш навъҳои хушсифати тухмӣ дода шуда буд, ки аз онҳо ҳосили фаровони гандум ба даст оварданд.

Сентябрь 4, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд