БАРРАСИИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ПАХТАКОРОН
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Тайи чанд сол аст, ки бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои пахтакор, роҳҳои дарёфти ҳаллу фасли қарзҳои пешина, таъмини тухмиҳои хушсифат ва тарбияи маърифативу иқтисодии кишоварзон дар Тоҷикистон Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва рушди соҳа фаъолият мекунад. Бо мақсади огоҳ шудан ба фаъолияти кишоварзон ва кӯмакрасонӣ ба онҳо дар ноҳияи Вахш бо иштироки роҳбарияти ин марказ ва раисони якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он масъалаҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳо, беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо, ҷалби занон ба соҳаи кишоварзӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои марказ ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш навъҳои хушсифати тухмӣ дода шуда буд, ки аз онҳо ҳосили фаровони гандум ба даст оварданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






