БАРРАСИИ ИМКОНИЯТҲОИ СОҲАИ АВИАТСИЯ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Чанде қабл дар Душанбе бо дастгирии ширкатҳои маблағгузори ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Сомон Капитал», ҶММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва КВД «Талко» ва бо дастгирии Ҳукумати ҶТ Конфронси байналхалқии «Молия баҳри рушди авиатсия» («Air Finance») баргузор гардид. Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинии мазкур муҳокимаи имкониятҳое, ки ба соддагардонии низоми маблағгузории таҷҳизоти серҳаракат, кафолатҳои байналхалқӣ ва воситаҳои амнияти манфиатҳои қарздиҳандагони объектҳои ҳавопаймо гардида буд. Дар доираи конфронс маҳакҳои асосии Конвенсияи Кейптаун оиди кафолатҳои байналхалқӣ нисбат ба ҳуқуқ ба таҷҳизоти серҳаракат, аҳамияти аслии он дар чунин созишҳои байналхалқӣ бо объектҳои ҳавопаймо, ба монанди иҷораи молиявӣ, фурӯши пешакӣ бо нигоҳдории ҳуқуқи моликият ва таъмини иҷроиши ӯҳдадориҳо, инчунин масъалаю механизмҳое, ки тавакали қарздиҳандагон ва иҷорадиҳандагони таҷҳизоти ҳавопаймо, муҳаррикҳои авиатсионӣ ва вертолетҳоро кам менамояд, баррасӣ гардиданд. Дар конфронси «Air Finance» намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, институтҳои молиявӣ ва ширкатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






