БАРРАСИИ МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОН
Душанбе, 24 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи чоруми якҷояи гурўҳҳои кории Тоҷикистону Россия дар доираи амалисозии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ аз 16 октябри соли 2004, кори ду рӯзаи худро оғоз намуд. Дар он намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Тавре муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов дар баромади худ қайд намуд, Ҳукумати ҶТ барои дастгирӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷироне, ки дар Федератсияи Россия истиқомат мекунанд тамоми чораҳоро меандешад. Ҳамкории байни ду ҷониб имкон медиҳад, ки қабул ва бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҶТ ба воситаи Маркази қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, мушкилоти гузариш аз ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои рафтуокунанда ва истиқомат намудани онҳо, чорабиниҳои якҷоя ҷиҳати ҷалби муташаккилона ва равон кардани муҳоҷирони меҳнатие, ки хоҳишманди амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, таъмин намоянд. Инчунин, тарафҳо аз рафти амалисозиии Созишнома, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷират назари Россияю Тоҷикистонро муҳокима намуда, аз он ҷумла бо назардошти таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин як қатор масъалаҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ва пешниҳодҳо дар бораи ҳамоҳангсозӣ ва инкишофи амалҳои муштарак бо мақсади баланд бардоштани танзими босамари раванди муҳоҷирати дуҷониба мубодилаи афкор менамоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






