БАРРАСИИ МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОН

Сентябрь 24, 2009 16:30

                  Душанбе, 24 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи чоруми якҷояи гурўҳҳои кории Тоҷикистону Россия дар доираи амалисозии Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ дар ФР ва шаҳрвандони ФР дар ҶТ аз 16 октябри соли 2004, кори ду рӯзаи худро оғоз намуд.                Дар он намояндагони Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.                Тавре муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов дар баромади худ қайд намуд, Ҳукумати ҶТ барои дастгирӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳоҷироне, ки дар Федератсияи Россия истиқомат мекунанд тамоми чораҳоро меандешад. Ҳамкории байни ду ҷониб имкон медиҳад, ки қабул ва бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҶТ ба воситаи Маркази қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, мушкилоти гузариш аз ташхиси тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои рафтуокунанда ва истиқомат намудани онҳо, чорабиниҳои якҷоя ҷиҳати ҷалби муташаккилона ва равон кардани муҳоҷирони меҳнатие, ки хоҳишманди амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, таъмин намоянд.                 Инчунин, тарафҳо аз рафти амалисозиии Созишнома, оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷират назари Россияю Тоҷикистонро муҳокима намуда, аз он ҷумла бо назардошти таъсири бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин як қатор масъалаҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш ва пешниҳодҳо дар бораи ҳамоҳангсозӣ ва инкишофи амалҳои муштарак бо мақсади баланд бардоштани танзими босамари раванди муҳоҷирати дуҷониба мубодилаи афкор менамоянд.

Сентябрь 24, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд