БОНКИ «ЭСХАТА» ПУЛИ МИЗОҶОНИ ФИРЕБХӮРДАРО БАРМЕГАРДОНАД

Сентябрь 16, 2009 11:55

                  Чкаловск, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Сардори раёсати Ҷамъияти саҳҳомии Бонки «Эсхата» Фурқат Ҳасанов 14 сентябр ба мизоҷони бонк ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ хабар дод, ки бонк маблағи мизоҷони фиребхӯрдаи филиали худро дар шаҳри Чкаловск бармегардонад.                 Тавре хабар дода шуда буд, комиссияи махсуси бонк дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявии филиали он дар шаҳри Чкаловск хилофкориҳо ва қонуншиканиҳои ҷиддиро ошкор намуд. Роҳбарияти бонк дар ин бора ба мақомоти муҳофизи қонун хабар дод. Ҳамон рӯзҳо директори филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизов ва баъди ӯ коршиноси калони филиали бонк Хуршедхон Қосимов ба Федератсияи Русия гурехтанд. Айни ҳол мақомоти дахлдор онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд.                 Тафтиши фаъолияти молиявии филиали бонк нишон дод, ки З.Азизов дар давраи фаъолияташ пасандози 36 нафарро бо фоизи баланди фоида, яъне аз 30 то 36 фоиз дар давоми сол қабул намудааст. Ҳол он ки мувофиқи қоидаи муқаррарӣ фоизи фоидаи пасандоз аз 18 то 20 фоиз мебошад. З.Азизов аз мизоҷон қариб 200 ҳазор доллари ИМА – ро қабул намуда, вале онро ба кассаи филиал даромад накардааст. Бояд гуфт, ки ба мизоҷон дар бораи қабули пасандоз бо мӯҳри филиали Бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкаловск ҳуҷҷатҳо дода шудааст. Мақомоти суд алҳол тафтиши ин ҷиноятро давом медиҳанд.              Бо вуҷуди ин Шӯрои мудирон ва Раёсати бонк қарори судро интизор нашуда, тасмим гирифт, ки пули мизоҷони фиребхӯрда аз ҳисоби маблағи захиравии бонк пардохта шавад. То имрӯз ба мизоҷони фиребхӯрда тақрибан 150 ҳазор доллари ИМА дода шуд. Масъалаи баргардондани пули мизоҷони боқимонда ояндаи наздик ҳал карда мешавад.               Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки бонки «Эсхата» аз соли 1994 фаъолият дорад. Дар саросари мамлакат 14 филиал ва сад бунгоҳи ҳаволаи пули бонк кушода шудаанд.                  Бонки «Эсхата» ва филиалҳои он то имрӯз ба мизоҷон қариб 20 миллион сомонӣ қарз додаанд. Маблағи даромади бонк дар нимаи аввали соли равон 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Сентябрь 16, 2009 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд