БОЗ 300 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ

Сентябрь 10, 2009 09:09

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани хишти аввали Маркази нави барқу гармии шаҳри Душанбе              Меҳмонони арҷманд!              Сохтмончиёни мӯҳтарам!              Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки имрӯз – дар арафаи ҷашни ҳаждаҳумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе хишти нахустини Маркази нави барқу гармидиҳӣ гузошта шуд, яъне бунёди боз як иншооти муҳим оғоз гардид.                Ин иншоот дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Чин ба хотири ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва дар фасли тирамоҳу зимистон беҳтар сохтани таъминоти аҳолӣ, инчунин ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳри Душанбе бо нерӯи барқу гармӣ сохта мешавад.              Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, инчунин дар бисёр мулоқоту суханрониҳо таъкид гардида буд, ки татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикии он солҳои охир ба як масъалаи воқеан ҳассос, ҳаётӣ ва таъхирнопазири давлату давлатдории мо табдил ёфтааст. Зеро аз як тараф мушкилоти вобаста ба бӯҳрони энергетикӣ, болоравии нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти нафту газ ва дигар маводи сӯзишворӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварамон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар сардии шадиду тӯлонии чандин зимистони гузашта ва танқисӣ кашидани аҳолӣ дар масъалаи таъминоти нерӯи барқ ва гармӣ моро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилот ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешем.                Дар шароити афзоиши нархҳои ҷаҳонии нафту газ ва шиддатёбии бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мо ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, инчунин истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ бо истифода аз манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла ангишт рӯ овардем, ки оғози расмии сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе гувоҳи он аст.                 Вобаста ба ин, бояд зикр кард, ки сохтмони иншооти мазкур дар асоси Созишномаи миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 4 июни соли ҷорӣ ба имзо расида буд, амалӣ карда мешавад.                Дар баробари ин, бояд таъкид кард, ки ҳарчанд Маркази барқу гармидиҳӣ дар ҳамкорӣ бо дӯстони Хитой сохта мешавад, вале он тибқи созишнома бо усули «сармоягузорӣ ба ивази захираҳои табиӣ» бунёд ёфта, ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад.Фаъолияти маркази барқу гармидиҳии мазкур, яъне истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ бо истифода аз ангишти кони Зиддӣ ба роҳ монда мешавад, ки захираи ин намуди сӯзишворӣ дар кишвари мо ниҳоят фаровон аст. Ҳамзамон бо ин, маркази мазкур дар заминаи технологияи навтарин фаъолият менамояд, ки зимни он талаботи меъёрҳои байналмилалии экологӣ пурра риоя гардида, ҳангоми кори он ду марҳала ё низоми тоза кардани ҳаво дар назар дошта шудааст.               Иқтидори лоиҳавии маркази барқу гармидиҳӣ 270 мегаватт буда, баъд аз ду сол, яъне дар арафаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.                Дар натиҷаи пурра ба кор оғоз кардани марказ имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 6,5 миллион киловатт — соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бо буғи технологӣ ва манзилҳои истиқоматии зиёда аз 250 ҳазор нафар сокинони пойтахт бо оби гарм ва гармӣ таъмин карда шавад.                Илова бар ин, барои 250-300 нафар шаҳрвандони кишварамон ҷойи нави корӣ доимӣ муҳайё гардида, эҳтиёҷоти сокинони пойтахт бо барқ пурра таъмин карда мешавад.                Ҳозирини гиромӣ!              Вобаста ба дурнамои минбаъдаи соҳаи энергетика ва тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи энергетика батафсил суханронӣ карда будам.                Бо ҳидояту дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи энергетика ва таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар бо роҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург ва хурду миёнаи барқи обӣ торафт вусъат меёбад.Ҳоло тибқи Созишнома миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои лоиҳакашӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи Нуробод-1 дар дарёи Хингоб идома доранд.               Дар баробари ин, Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» якҷоя бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ масъалаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои «Нуробод-2», Санобод, Айнӣ ва Шӯробро мавриди омӯзиш қарор дода, таҳияи ҳуҷҷатҳои техникиву иқтисодии онҳоро идома дода истодаанд.                 Илова бар ин, корҳои барқарорсозӣ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, аз ҷумла Норак, Қайроққум ва маркази барқу гармдиҳии Ёвон босуръат давом доранд.                 Баъди ба анҷом расидани корҳои мазкур дар мамлакат имконияти истеҳсоли иловагии зиёда аз 400 мегаватт нерӯи барқ ба вуҷуд меояд.                Ғайр аз ин, бо мақсади таҷдиди силсилаи нерӯгоҳҳои дигар дар дарёҳои Вахш ва Варзоб корҳои омодагӣ шурӯъ гардидаанд ва баъди анҷом ёфтани онҳо иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳҳои зикршуда ба таври илова 70 мегаватт меафзояд.               Дар доираи чорабиниҳо дар самти рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон диққати махсус дода мешавад.               Дар давоми солҳои охир 150 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин дар доираи барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 солҳои наздик боз 50 нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.               Инчунин дар кишвар ҷиҳати барпо намудани инфраструктураи энергетикии кишвар, яъне бунёди хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат хатти интиқоли барқи 220-киловолтаи «Лолазор-Хатлон» соли гузашта ба итмом расида, бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» то охири соли ҷорӣ анҷом хоҳад ёфт.               Тамоми ин иқдомот баёнгари онанд, ки рушди соҳаи энергетика яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлати мо мебошад. Зеро маҳз ба ҳамин васила мо метавонем, ки дар давоми солҳои наздик эҳтиёҷоти мамлакатро бо нерӯи барқ пурра таъмин карда, ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардем.               Дӯстони гиромӣ!              Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 18-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвари азизамон қарор доранд, оғози ин иншооти муҳим фоли ниҳоят нек аст.  Эътимоди комил дорам, ки пойтахти Ватани азизамон — шаҳри Душанбе бо иншооти азимаш, аз ҷумла бо иншооте, ки имрӯз оғоз гардид, шӯҳрату эътибори давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дучанд афзуда, ба гаҳвораи воқеии сулҳу сафо, шаҳри дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ, маркази дастовардҳои бузурги илму фарҳанг, арсаи бунёдкориву созандагӣ ва макони ормонҳои наҷиби давлатсозиву давлатдории миллӣ табдил меёбад.              Дар ин рӯзи хотирмон бори дигар ҳамаи сокинони пойтахт, мардуми сарбаланди мамлакат, меҳмонони гиромиқадр ва ҳамаи мутахассисону сохтмончиёнро аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломативу сарбаландӣ ва дар амалӣ гаштани ин мақсади наҷиб барори кор орзумандам!               Ташаккур! 

Сентябрь 10, 2009 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд