БУРЁКУБОН БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТ
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1 сентябр дар шаҳри Душанбе бинои нави 5-ошёна иборат аз 72 ҳуҷра барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки дар маросими ботантанаи ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, онро дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ кард. Бояд зикр кард, ки чунин бино барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бори аввал дар тӯли 18-соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Назар ба иттилои муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Самад Ҳикматов сохтмони бинои серошёнаи бисёрҳуҷрадор ҳанӯз моҳи ноябри соли 2006 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






