ЧАРОҒҲОИ ТАВОНОИЯШОН БАЛАНД ҶОИ ХУДРО БА ФУРӮЗОНАКҲОИ КАММАСРАФ МЕДИҲ
Душанбе, 18 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чароғҳои фарсудашудаи тавоноияшон баланди кӯчаю хиёонҳои пойтахт ба чароғҳои муосири дорои фурӯзонакҳои каммасраф иваз карда мешаванд. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он барномаи «Рӯшноӣ 2009-2013» оиди иваз кардани чароғҳои фарсудашудаи тавоноияшон баланд ба чароғҳои ҳозиразамони дорои фурӯзонакҳои каммасраф тасдиқ гардид. Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки мутобиқи барномаи мазкур дар буҷети солҳои 2010-2013 маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд. Инчунин, муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров ва Муассисаи «Равшании Душанбешаҳр» тибқи маблағҳои ҷудошудаи солона иҷро гардидани барномаро давра ба давра таъмин намоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






