ЧАРО&#1170&#1202ОИ ТАВОНОИЯШОН БАЛАНД &#1206ОИ ХУДРО БА ФУР&#1262ЗОНАК&#1202ОИ КАММАСРАФ МЕДИ&#1202

Сентябрь 18, 2009 14:53

                  Душанбе, 18 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чароғҳои фарсудашудаи тавоноияшон баланди кӯчаю хиёонҳои пойтахт ба чароғҳои муосири дорои фурӯзонакҳои каммасраф иваз карда мешаванд. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд, ки тибқи он барномаи «Рӯшноӣ 2009-2013» оиди иваз кардани чароғҳои фарсудашудаи тавоноияшон баланд ба чароғҳои ҳозиразамони дорои фурӯзонакҳои каммасраф тасдиқ гардид.                  Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки мутобиқи барномаи мазкур дар буҷети солҳои 2010-2013 маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.                 Инчунин, муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров ва Муассисаи «Равшании Душанбешаҳр» тибқи маблағҳои ҷудошудаи солона иҷро гардидани барномаро давра ба давра таъмин намоянд. 

Сентябрь 18, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид