ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ

Сентябрь 17, 2009 13:25

                   Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Бахшида ба Рўзи Рўдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.                    Аз ҷумла, рўзи 22-юми сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Операи Ш. Сайфиддинов бо номи «Рўдакӣ» ва дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев бо иштироки ҳунарпешаҳои филармония барномаи консертӣ аз ашъори А. Рўдакӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.                  Ҳамчунин, рўзи 30-юми сентябр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз рўи «Маснавии Маънавии Мавлавӣ» намоишномаи «Офати нафс»-и Н. Ҷаронӣ, дар Филармонияи давлатӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои филармония барномаи консертӣ аз ашъори Ҷалолиддини Румӣ ва дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский намоиши театрикунонидашудаи ансамбли тарона ва рақси «Сомон» бо номи «Бишнав аз най» пешкаши тамошобинон карда мешавад.                  Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии «Илҳом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди шарифи Рамазон тасмим гирифтааст таърихи 21-уми сентябри соли равон консерти идона доир намояд.                  Барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаи ҷавону болаёқат Бобур ва ансамбли созию овозии «Ситораи Вахш» дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон доир мегардад                  Бояд гуфт, сурудҳо бе фонограмма, тариқи зинда хонда мешаванд. Дар репертуари сароянда сурудҳои тозаэҷоди эстрадӣ ва халкӣ пешкаши мухлисон хоҳад шуд.                  Ҳамчунин, дар консерт ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» ширкат менамоянд.

Сентябрь 17, 2009 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд