ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Бахшида ба Рўзи Рўдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, рўзи 22-юми сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Операи Ш. Сайфиддинов бо номи «Рўдакӣ» ва дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев бо иштироки ҳунарпешаҳои филармония барномаи консертӣ аз ашъори А. Рўдакӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд. Ҳамчунин, рўзи 30-юми сентябр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз рўи «Маснавии Маънавии Мавлавӣ» намоишномаи «Офати нафс»-и Н. Ҷаронӣ, дар Филармонияи давлатӣ бо иштироки ҳунарпешаҳои филармония барномаи консертӣ аз ашъори Ҷалолиддини Румӣ ва дар Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский намоиши театрикунонидашудаи ансамбли тарона ва рақси «Сомон» бо номи «Бишнав аз най» пешкаши тамошобинон карда мешавад. Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии «Илҳом»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди шарифи Рамазон тасмим гирифтааст таърихи 21-уми сентябри соли равон консерти идона доир намояд. Барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаи ҷавону болаёқат Бобур ва ансамбли созию овозии «Ситораи Вахш» дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон доир мегардад Бояд гуфт, сурудҳо бе фонограмма, тариқи зинда хонда мешаванд. Дар репертуари сароянда сурудҳои тозаэҷоди эстрадӣ ва халкӣ пешкаши мухлисон хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар консерт ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» ширкат менамоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






