ДӮЗДОН ДАСТГИР ШУДАНД

Сентябрь 2, 2009 14:47

                 Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Шабонарӯзи гузашта дар миқёси ҷумҳурӣ ду ҳодисаи дуздӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии ВКД ҶТ хабар доданд.                  Сокини 37-солаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Дилором Раҳматова ба ШКД-и ноҳия шикоят карда, хабар дод, ки шахси номаълум рӯзона, дар яке аз кӯчаҳо телефони мобилӣ ва ҳамёни ӯро дуздидааст. Арзиши телефон 450 сомонӣ буд ва ҳамёни гумшуда 160 сомонӣ дошт. Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ кормандони ШКД-и ноҳияи мазкур Юрий Рогови 33-соларо дастгир намуданд, ки қаблан суд шуда, дар пойтахт қайди зист надошт. Дар вақти ҷустуҷӯ аз ӯ телефон ва ҳамёни Д. Раҳматова ёфт шуд. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот давом дорад.               Ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанд дар меҳмонхонаи «Эҳсон» Саври Мақсудоваи 26 сола шабона ба ҳуҷраи хоби мусофири 26-сола Сафаралӣ Ҳакимов даромада 600 долларро дуздидааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ кормандони милиса дуздро дастгир карданд. Акнун дафтари аъмоли духтари дузд тафтиш карда мешавад. 

Сентябрь 2, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд