ДАР ДУШАНБЕ СТАНДАРТҲОИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲИ-РО ҲАМОҲАНГ МЕСОЗАНД

Сентябрь 28, 2009 16:24

                 Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ва Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» семинари омӯзишӣ оид ба стандартизатсия, метрология, ташхис ва сифат доир гардид.                  Диретори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Ҳотамов роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СҲИ маълумот дода, зикр кард, ки масъалаҳое, ки дар ин семинар мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз масоили муҳиме иборатанд, ки аҳамияти байналмилалӣ дошта, дар густариши минбаъдаи тиҷорат ва сифатнокии маҳсулот дар кишварҳои узви СҲИ мусоид мебошанд.                   Гуфтанист, ки дар ин семинар масъалаҳои амалисозии даври дуюми лоиҳаи СҲИ ва ЮНИДО оид ба стандартизатсия, метрология, ташхис ва сифат, ҳамоҳангсозии стандартҳо, мавқеи метрология дар системаи Созмони умумиҷаҳонии савдо, ченкунӣ ва иштибоҳоти ченкунӣ, системаи идоракунии сифат ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 

Сентябрь 28, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд