ДАР КӮЧАҲОИ ПОЙТАХТ ЛАМПАҲОИ ТАФСОН ИВАЗ МЕШАВАНД

Сентябрь 25, 2009 10:58

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади амалӣ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузариш ба лампаҳои каммасраф аз ҷониби раиси Ҳукумати шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барномаи «Равшаноӣ 2009 2013» тасдиқ гардид. Тибқи барномаи мазкур, тамоми лампаҳое, ки бо шиддати баланди барқӣ кӯчаҳоро равшан мекарданд, бо лампаҳои каммасраф иваз карда мешаванд.                   Бо мақсади татбиқи барнома, ба идораи молияи пойтахт супориш дода шудааст, ки дар буҷети солҳои 2010 – 2013 ин масъаларо зери назар гиранд.                     Масъулияти давра ба давра иҷро намудани барномаи мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров ва корхонаи «Равшании Душанбешаҳр» гузошта шудааст.

Сентябрь 25, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд