ДАР НЮ-ЙОРК МАСЪАЛАҲОИ ИҚЛИМ БАРРАСӢ МЕШАВАНД

Сентябрь 23, 2009 10:17

                 Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки ӯ дар мулоқоти сатҳи олӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар ҳошияи Иҷлосияи 64 – уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гашт, оғоз ёфт.                  Маросими ифтитоҳи он таҳти раёсати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун бо иштирок ва суханронии шумораи зиёди сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла роҳбарони аввали Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония. Фаронса ва дигар кишварҳои пешрафта, ки фаъолияти истеҳсолиашон аз ҳама зиёд ба тағйирёбии иқлими сайёра таъсири манфӣ мерасонад, баргузор гашт.                 Нотиқони ҳамоиш ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро ба кам кардани ҳаҷми партови газҳои гармӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии босуръати иқлими сайёра даъват намуда, барои расидан ба ин ҳадаф таклифҳои гуногун ба миён гузоштанд. Аз ҷумла Сарвазири нави Япония Юкио Хатояма изҳор дошт, ки кишвари ӯ ҳаҷми партови газҳои гармиро ба атмосфера то соли 2020 нисбат ба соли 1990 20% коҳиш хоҳад дод.Дар суханрониҳо ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гармӣ ба атмосфера бояд то соли 2020 то 20-30% ва то соли 2050 на камтар аз 50% кам карда шавад.                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мизи мудаввари ин ҳамоиши бузург суханронӣ намуда, бори дигар бо забони ноби тоҷикӣ таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба мушкилоти иқлимию экологии сайёра ва хусусан минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб кард.                 Дар суханронии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шарҳи таъсири энергетика ба тағйирёбии иқлим мақоми марказӣ дошт. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки мутаассифона қариб 70% нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ истеҳсол шуда, боиси ба атмофера хориҷ гаштани миллионҳо тонна партовҳои газӣ мегардад.                 Бо таассуф зикр гардид, ки имрӯз танҳо 10% иқтидори гидроэнергетикии минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, танҳо иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон (527 миллиард киловатт/соат) 3 баробар аз эҳтиёҷоти имрӯзаи минтақаи Осиёи Марказӣ зиёд аст. Таъкид гардид, ки «азхуднамоии иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон натанҳо боиси кам шудани партови газҳо ба атмосфера мешавад, балки имкон медиҳад, ки нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шавад». «Ин кор дар навбати худ, ба мо барои дастрасии «кредити карбонӣ» тибқи Протоколи Киото имкон фароҳам меорад», изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.                Хотиррасон бояд кард, ки муҳлати амали Протоколи Киото соли 2012 ба поён мерасад ва бар ивази он бояд моҳи декабри соли равон дар Конфронси байналмилалии Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим созишномаи нав ба имзо бирасад ва ҳамоиши сатҳи олии Ню-Йорк, асосан омодагӣ ба ҳамин конфрос арзёбӣ мегардад.

Сентябрь 23, 2009 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд