ДАР ПОЙТАХТ «РӮЗИ КИТОБ» ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД

Сентябрь 3, 2009 14:17

               Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба «Рўзи китоб» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоиши китобҳо, конфронсҳо, шабҳои адабӣ ва вохўрию сўҳбатҳо ба адибонро дар назар дорад.                  Бо ин мақсал 4 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ — амалӣ дар мавзўи «Нақши китоб дар таҳкими истиқлолияти миллӣ -– фарҳангӣ» баргузор мегардад.                  Дар он намояндагони илму фарҳанг аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид. Ҳамчунин, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар низ таҳти унвони «Китоб ва худшиносии миллӣ» вохўрии шоирон бо хонандагон доир мешавад.                   Бояд ёдрас шуд, ки соли 2008 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябрро ҳамчун «Рўзи китоб» эълон намуд.                  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Сентябрь 3, 2009 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд