ДАР ПОЙТАХТ «РӮЗИ КИТОБ» ҶАШН ГИРИФТА МЕШАВАД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба «Рўзи китоб» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла намоиши китобҳо, конфронсҳо, шабҳои адабӣ ва вохўрию сўҳбатҳо ба адибонро дар назар дорад. Бо ин мақсал 4 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмӣ — амалӣ дар мавзўи «Нақши китоб дар таҳкими истиқлолияти миллӣ -– фарҳангӣ» баргузор мегардад. Дар он намояндагони илму фарҳанг аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид. Ҳамчунин, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар низ таҳти унвони «Китоб ва худшиносии миллӣ» вохўрии шоирон бо хонандагон доир мешавад. Бояд ёдрас шуд, ки соли 2008 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябрро ҳамчун «Рўзи китоб» эълон намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






