ДАР ТУРСУНЗОДА ОЗМОИШГОҲИ МАХСУС КУШОДА ШУД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз дар шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи махсуси санҷиши лаборатории маводи хӯрокаи зуд вайроншаванда баргузор гардид. Ин дар миқёси ҷумҳурӣ ягона озмоишгоҳ ба шумор меравад. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони ҳукумат ва вазоратҳои нақлиёту алоқа ва рушди иқтисоду савдои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Озмоишгоҳи мазкур дар доираи иҷрои муваффақонаи барномаи «Рушди фаъолияти марказҳои додани сертификат ба асбобу анҷом ва таҷҳизоти ҳамлу нақли маводи озуқаи зуд вайроншаванда дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хабар дода мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои барномаи мазкур 2 миллион евро сарф намуд. Тибқи барнома барои ҳамлу нақли маводи хӯрокаи зуд вайроншаванда дар байни мамлакатҳои минтақа нақлиёти махсус ҷудо карда мешавад, ки бо яхдонҳо ва воситаҳои дигари муҳофизат аз гармӣ таҷҳизонида шудаанд. Ҳадафи дигари барнома густариши равобити ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи хариду фурӯши мол мебошанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






