ДАВРАИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ОХИР МЕРАСАД
Вашингтон, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лента.ру). – Олими машҳури иқтисодшинос, барандаи ҷоизаи Нобел Пол Кругман 21 сентябр изҳор намуд, ки давраи бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ ба охир расидааст ва иқтисодиёти ҷаҳон тадриҷан ва бо душворӣ бошад ҳам, барқарор карда мешавад. Ба қавли ӯ давраи барқароршавии иқтисодиёти ҷаҳон камаш ду сол ва аз он бештар давом хоҳад кард. Олим изҳори шубҳа намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар оянда мамлакати бойтарини ҷаҳон хоҳад гашт. Ба қавли олим иқтисодиёти мамлакатро танҳо аз ҳисоби содироти мол ғанӣ гардондан мумкин нест. Кругман зикр намуд, ки бӯҳрони молиявӣ дар ИМА охири моҳҳои июл ва август ба охир расид. Дар ин бора, яке аз одамони бойтарини ҷаҳон ва самоягузори машҳури амрикоӣ Уоррен Баффет низ сухан ронда буд. Моҳи сентябр Комиссияи Аврупо низ дар бораи анҷом ёфтани давраи бӯҳрон дар Аврупо ва тадриҷан барқарор гардидани иқтисодиёти мамлакатҳои минтақа изҳорот дарҷ намуда буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






