ДЕҲҚОН КИШТИ ДУЮМРО ЗИЁД КАРД
Суғд, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов). — Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Яккатут», «Гултеппа»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар баробари он, ки ҳамаи 94 га замини обиро пурра истифода бурданд, инчунин майдони кишти такрорро зиёд карданд.Дар ҳамаи замини аз гандум холишуда, кишти дуюм гузаронида шуд. Аз ҷумла дар 0,5 га ба таври таҷрибавӣ тарбуз парвариш меёбад, ки дар 70 рӯз пухта мерасад. Инчунин парвариши сабзӣ, харбуза, бодиринг, мош ба роҳ монда шудааст. Чунин нишондиҳандаҳоро дар хоҷагиҳои деҳқонии номбурда дидан мумкин аст. Ингуна оқилона истифодабарии замин, ҳам ба манфиати деҳқон асту ҳам ба нархи бозори дохилӣ таъсири мусбӣ мерасонад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






