ДИРЕКТОРИ НАВИ ДАФТАРИ СОЗМОНИИ ҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ ДАР АВРУПО ИНТИХОБ ШУД

Сентябрь 17, 2009 15:00

                 Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар иҷлосияи 59 – уми дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустии Аврупо ширкат варзид, ки аз 14 то 16 сентябр дар Копенгаген баргузор гардид.                 Дар иҷлосия бештар аз 300 ҳайати 53 мамлакати Аврупо, намояндагони муассисаҳои СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.                  Рӯзномаи иҷлосия муҳокимаи масъалаҳои вазъи паҳн гардидани бемориҳои хавфнокро дар мамлакатҳои ҷаҳон ва роҳҳои пешгирию табобати онҳоро дар бар мегирифт.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар иҷлосия директори нави генералии дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо интихоб шуд. Ӯ намояндаи Маҷористон Жужанна Якаб мебошад. Вай дар ин вазифа намояндаи Фаронса Марк Данзонро иваз намуд.                  Ба намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Сантино Северони роҳбарӣ мекунад.

Сентябрь 17, 2009 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад