ДИРЕКТОРИ НАВИ ГЕНЕРАЛИИ ЮНЕСКО

Сентябрь 23, 2009 10:32

                 Париж, 23 сентябр (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Вазири собиқи корҳои хориҷии Булғористон Ирина Бокова директори нави генералии Муассисаи Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) интихоб гардид.                 Ба ин вазифа номзадии И.Бокова ва вазири собиқи фарҳанги Миср Фаррух Ҳусния пешбарӣ карда шуда буданд. Вале И.Бокова дар даври панҷуми овоздиҳӣ ба аксарияти овозҳо соҳиб гардида, ғалаба кард. Ирина Бокова соли 1976 Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Баъди ин ӯ дар вазорати корҳои хориҷии Булғористон дар шӯъбаи халъи силоҳи ядроӣ кор мекард. Ӯ аз соли 1996 то соли 1997 вазири корҳои хориҷии Булғористон буд.                  И.Бокова аввалин зан мебошад, ки ба ЮНЕСКО роҳбарӣ мекунад. Вай 15 ноябр дар ин вазифа директори ҳозираи ЮНЕСКО Коитиро Матсуураро иваз хоҳад кард.

Сентябрь 23, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд