ДОДАНИ ИҶОЗАТНОМА БА МАҲСУЛОТИ АУДИОВИЗУАЛӢ

Сентябрь 24, 2009 10:53

                Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 25 сентябр дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ гарави таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварат баргузор мегардад. Ба он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷозатномадиҳӣ, роҳбарону намояндагони мактабҳои олӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ даъват шудаанд.                 Дар ҷараёни машварат дар бораи ҳалли проблемаҳои додани иҷозатнома дар доираи барномаи давлатии «Беҳтар сохтани муҳити соҳибкорӣ дар давоми 200 рӯзи ислоҳот» маълумот дода, имкониятҳои воқеии бекор намудани додани иҷозатнома ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 

Сентябрь 24, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд