ДОДАНИ ИҶОЗАТНОМА БА МАҲСУЛОТИ АУДИОВИЗУАЛӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 25 сентябр дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ гарави таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварат баргузор мегардад. Ба он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷозатномадиҳӣ, роҳбарону намояндагони мактабҳои олӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ даъват шудаанд. Дар ҷараёни машварат дар бораи ҳалли проблемаҳои додани иҷозатнома дар доираи барномаи давлатии «Беҳтар сохтани муҳити соҳибкорӣ дар давоми 200 рӯзи ислоҳот» маълумот дода, имкониятҳои воқеии бекор намудани додани иҷозатнома ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






