ДОТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ 17 ФОИЗ КАМ ШУД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Варзоб Ситора Шерова, баъди қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи ба минтақаи истироҳату табобат, осоишу фароғат ва сайёҳӣ» эълон гардидани ноҳияи Варзоб бо гузашти 9 сол симои ноҳия бо пуррагӣ тағйир дода шуд. Дар ибтидо бинои замонавии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ки соли 2003 оғоз ёфта буд, соли ҷорӣ баъди ба охир расонидани сохтмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Буҷаи ҳокимияти маҳаллӣ аз сифр ба 1 млн. 50 ҳазор сомонӣ ва соли ҷорӣ ба 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ноҳия то соли 2006 — 68 фоиз аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағгузорӣ карда мешуд. Соли ҷорӣ бо сабаби дуруст ба роҳ мондани фаъолияти нозироти андоз дотатсияи давлатӣ дар ноҳия 17 фоиз кам карда шуд. — Бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ таъсирашро ба ноҳия расонид, нақшаҳои бузургтареро, ки мо роҳандозӣ карданӣ будем, муваққатан иҷрои онро ба таъхир гузоштем. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳама чораҳоро меандешад, то нақшаҳои боз ҳам самараноктареро амалӣ созад, — мегӯяд раиси ноҳия Ситора Шерова.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






