ДУ НЕРӮГОҲИ БАРҚӢ ДАР ЯК ДЕҲА

Сентябрь 30, 2009 11:15

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ноҳияи Дарвоз дорои захираи зиёди оби мусаффост. Ин боис шуд, ки дар ноҳия сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ривоҷ ёбад. Дар деҳаи Ширги ноҳия ба сохтмони дуюмин нерӯгоҳи барқӣ шурӯъ карданд. Тибқи нақша дар моҳи сентябри соли 2010 ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Соли 2008 дар ин деҳа аввалин нерӯгоҳ ба истифода дода шуд.                  Бо мақсади сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ ва коркарди меваю сабзавот зарурати сохтмони нерӯгоҳи дигар пеш омад. Нерӯгоҳи якум дорои 1200 кВт соат аст ва қариб тамоми аҳолии маркази ноҳияро бо нерӯи барқ таъмин менамояд. Дар назар аст, ки чунин нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар деҳаҳои Жорф, Висхарв ва Курговад низ сохта шаванд.

Сентябрь 30, 2009 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд