ДУШАНБЕ «ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ МЕГАРДАД»?

Сентябрь 11, 2009 11:09

                 Душанбе, 11 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию бадеӣ омода ва баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун «Пойтахти фарҳанги исломӣ» аз қитъаи Осиё дар соли 2010 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор қабул намуд. Мувофиқи он нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои ба ин муносибат пешбинишуда тасдиқ гардид.                  Тибқи ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров, дар асоси ин қарор муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор гардидаанд, ки иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.                Тибқи нақша дар соли 2010 баргузории як қатор чорабиниҳо, аз қабили конферентсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1200-солагии Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ ва илми ҳадис, семинар-машварат дар мавзӯи «Мақоми зан дар ислом», озмунҳои шаҳрии «Хаттоти беҳтарин» ва қориёни Қуръони Шариф, муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ зимни баргузории ҳафтаи фарҳанги ИСЕСКО (Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) дар Тоҷикистон, таҳия ва нашри маълумотнома таҳти унвони «Душанбе маркази тамаддуни исломӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хатти форсӣ бо теъдоди 2000 ҳазор нусха дар назар аст.                Ҳамчунин, дар ин замина таҳияи намоишномаи маърифатӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Театри тамошобини ҷавони ба номи М.Қосимов» ва ташкили намоишгоҳи доимоамалкунандаи китобҳо доир ба рӯзгори бузургон ва маънавиёти ислом дар китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва китобхонаи муосири пойтахт амалӣ гардонида мешаванд.                 Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ, 27 апрели соли 1993 аъзои ИСЕСКО гардид. Қароргоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пойтахти Марокко- шаҳри Работ мебошад.

Сентябрь 11, 2009 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд