ФАРМОИШИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ ДАР БОРАИ КИШТИ ТИРАМОҲӢ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов дар бораи омодагӣ ва тадбирҳои гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ барои ҳосили соли 2010 фармоиш ба имзо расонд. Бино ба гуфти сардори маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ Н. Додобоев, бо мақсади дар мӯҳлати хуби агротехникӣ хушсифат ва саривақт гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона ва гузоштани заминаи устувор барои ҳосили 2010 –ум ба раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, Сарраёсатҳои кишоварзии Суғду Хатлон ва Раёсати кишоварзии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳо супорида шудааст, ки ба гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки корҳои ташкилиро дар байни корхонаю ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолии деҳот ба роҳ монда, дурнамои кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона, мӯҳлати иҷрои онҳо дар ҳар як хоҷагӣ новобаста аз шакли моликияташон тартиб дода онро ба ситоди вазорат пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






