ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР АМАЛ

Сентябрь 30, 2009 16:57

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», К.Эрлих).- Имрӯз маъракаи таъмин кардани оилаҳои камбизоат бо фурӯзонакҳои каммасраф ба поён мерасад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи дахлдори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифҷон Убайдов хабар дод.                  Маъракаи мазкур бо мақсади иҷрои Амри сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи чораҳои иловагии сарфаи барқ» ва гузаштан аз лампаҳои пуршиддат ба фурӯзонакҳои каммасраф амалӣ карда мешавад. Мутобиқи фармони мазкур то моҳи октябри соли ҷорӣ 241 ҳазор оилаи камбизоат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо фурӯзонакҳои каммасраф таъмин мегарданд.                «Чорабиниҳо вобаста ба таъмин кардани оилаҳои камбизоат бо фурӯзонакҳои каммасраф дар арафаи анҷомёбист. Охирин нуқтаҳои супоридани фурӯзонакҳо шаҳрҳои Исфараву Конибодоми вилояти Суғд ва ноҳияҳои Шӯрободу Мӯминободи вилояти Хатлон мебошанд. Субҳи имрӯз автомашинаҳо бо фурӯзонакҳои каммасраф вориди ин шаҳру ноҳияҳо шуданд», — хабар дод О.Убайдов                  Мутобиқи иттилои сарчашма, 1миллиону 928 ҳазор фурӯзонакҳои каммасраф ба 241 ҳазор оилаҳои мӯҳтоҷ тақдим карда шуд. Ҳар як оила бо 8 дона фурӯзонак таъмин гардид. Аз ин шумора вилояти Суғд бо 606 ҳазору 400 фурӯзонак барои 75 ҳазору 800 оила, вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон бо 52 ҳазор фурӯзонак барои 6,5 ҳазор оила, вилоятиХатлон бо 619 ҳазору 200 фурӯзонак барои 77 ҳазору 400 оила, шаҳри Душанбе бо 222 ҳазору 400 фурӯзонак барои 27 ҳазору 800 оила ва ноҳияҳои тобеи марказ бо 428 ҳазор фурӯзонак барои 53 ҳазору 500 оила таъмин карда шуданд.

Сентябрь 30, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд