ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАВӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Тоҷикистон боз як расонаи иттилоотии нав – Агентии иттилоотии умумимиллии «ТоjNews» таъсис ёфт. Муассиси Агентии мазкур Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» 21-уми сентябр сомонаи Агентии итилоотии умумимиллии «ТоjNews» (Тоҷнюс)-ро муаррифӣ намуд. Ин сомона бо забони тоҷикӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ворид гардида, дар назар аст, ки минбаъд бо забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва форсӣ низ мавриди амал қарор гирад. Тамоми иттилооти сомона барои ҳама истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонӣ бидуни маҳдудият дастрас буда, муҳимтарин ҷузъҳои он «Хабарҳои рӯз» (муҳимтарин ахбори 24 соати охир), «Хабарҳои охирин» (лентаи хабарӣ дар режими «он-лайн»), «Нишастҳои матбуотӣ» (пресс-конфронсҳои воқеӣ ва виртуалӣ, аз ҷумла сӯҳбатҳо бо шеваи он-лайн), «Шарҳи коршинос» (шарҳи мутахассисон ва коршиносон дар масоили мубрами рӯз), «Суоли рӯз» (пурсиши интернетӣ) ва ғайра мебошанд. Инчунин, сомонаи мазкур дорои сервисҳои ёрирасон ва фароғатӣ, аз қабили «Ҷустуҷӯ», «Софт», «Қурби асъор», «Эълонҳо», «Луғатҳо», «Аксҳо», «Видео», «МР-3» ва «Латифаҳо» аст. Роҳбари АИУ «TojNews» Саймиддин Дӯстов мӯътақид бар он аст, ки «Мо бар хилофи анъанаи ҷорӣ дар бозори тавлиди ахбори ватанӣ молҳои истеҳсолкарда ё худ иттилоъи мустақилро ба хонанда (истифодабаранда) чун дигар сайтҳо намефурӯшем, балки хароҷотро аз ҳисоби рекломдиҳандагон мепӯшонем». Сомонаи АИУ «ТоjNews» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бо нишонии www.tojnews.tj ва барои истифодабарандагони хориҷи кишвар бо нишонии www.tolnews.net дастрас аст.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






