ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН ҚАВӢ МЕГАРДАД

Сентябрь 23, 2009 15:22

                 Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Тоҷикистон боз як расонаи иттилоотии нав – Агентии иттилоотии умумимиллии «ТоjNews» таъсис ёфт.                 Муассиси Агентии мазкур Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» 21-уми сентябр сомонаи Агентии итилоотии умумимиллии «ТоjNews» (Тоҷнюс)-ро муаррифӣ намуд. Ин сомона бо забони тоҷикӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ворид гардида, дар назар аст, ки минбаъд бо забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва форсӣ низ мавриди амал қарор гирад.                  Тамоми иттилооти сомона барои ҳама истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонӣ бидуни маҳдудият дастрас буда, муҳимтарин ҷузъҳои он «Хабарҳои рӯз» (муҳимтарин ахбори 24 соати охир), «Хабарҳои охирин» (лентаи хабарӣ дар режими «он-лайн»), «Нишастҳои матбуотӣ» (пресс-конфронсҳои воқеӣ ва виртуалӣ, аз ҷумла сӯҳбатҳо бо шеваи он-лайн), «Шарҳи коршинос» (шарҳи мутахассисон ва коршиносон дар масоили мубрами рӯз), «Суоли рӯз» (пурсиши интернетӣ) ва ғайра мебошанд. Инчунин, сомонаи мазкур дорои сервисҳои ёрирасон ва фароғатӣ, аз қабили «Ҷустуҷӯ», «Софт», «Қурби асъор», «Эълонҳо», «Луғатҳо», «Аксҳо», «Видео», «МР-3» ва «Латифаҳо» аст.                 Роҳбари АИУ «TojNews» Саймиддин Дӯстов мӯътақид бар он аст, ки «Мо бар хилофи анъанаи ҷорӣ дар бозори тавлиди ахбори ватанӣ молҳои истеҳсолкарда ё худ иттилоъи мустақилро ба хонанда (истифодабаранда) чун дигар сайтҳо намефурӯшем, балки хароҷотро аз ҳисоби рекломдиҳандагон мепӯшонем».                  Сомонаи АИУ «ТоjNews» дар шабакаи ҷаҳонии Интернет бо нишонии www.tojnews.tj ва барои истифодабарандагони хориҷи кишвар бо нишонии www.tolnews.net дастрас аст. 

Сентябрь 23, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид