ФИТРИ РӮЗАИ ПРЕЗИДЕНТ
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат нишон дода, бо аҳли хонавода ва фарзандонашон ба 360 оилаи камбизоати шаҳри Душанбе чун фитри рӯзаи худ 8 — донагӣ лампаҳои каммасраф тақдим намуданд. Хотиррасон бояд кард, ки мутобиқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми ходимони давлатии сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ мувофиқи имкониятҳои худ фитри рӯзаро на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат бояд ба ҷо биёранд. Ин иқдом, пеш аз ҳама ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва дастгирии оилаҳои камбизоат равона гаштааст. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи фармони мазкур ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар тамоми қаламрави кишвар бояд то 1- уми октябри соли равон ба поён расад. Ҳадаф аз тадбирҳои сарфаҷӯӣ беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар фасли зимистон аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






