ФУТБОЛБОЗОНИ ҚИРҒИЗ БАРОИ БУРДАНИ ҶОМИ КФА БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Футболбозони дастаи «Дурдой — Динамо» — и Қирғизистон 22 сентябр барои иштирок дар қувваозмоии хотимавии мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон омаданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар қувваозмоии хотимавии мусобиқа чор дастаи дар мусобиҳои қаблӣ ғолибомада, иштирок хоҳанд кард. Онҳо дастаҳои футболи «Дурдой – Динамо» — и Қирғизистон, «Ашқобод» — и Туркманистон, «Вапда» — и Покистон ва «Регар – Тадаз» -и Тоҷикистон мебошанд. Дастаи «Дурдой – Динамо» 25 сентябр бо дастаи «Ашқобод» қувва меозмояд. Ҳамон рӯз қувваозмоии дастаи «Регар – Тадаз» бо дастаи «Вапда» баргузор хоҳад гашт. Қувваозмоии хотимавии онҳо 27 сентябр гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






