ГАРМХОНАИ ОФТОБӢ ДАР ПОМИР
Душанбе, 3 сентябр. (НИАТ «Ховар», Людмила Дубинина).-31 август дар қишлоқи Нисури водии Бартанги ВМКБ сохтмони гармхонаи офтобӣ ба итмом расид. Созишнома дар бораи сохтмони гармхонаро моҳи августи соли 2008 созмони экологии «Замини Хурд» ва корхонаи ғайриҳукуматии «Ояндасоз» имзо карда буданд. Гармхонаи мазкур дар минтақаи баландкӯҳи мамлакат бори аввал сохта мешавад. Чунин гармхонаҳо чанд сол пеш дар вилояти Суғд ва ноҳияи Бешкент сохта шуда буд, гуфт- эколог Тимур Идрисов. Гармхонаҳо бо кӯмаки Ҷамъияти ҳифзи табиати Норвегия сохта мешавад. Гармхонаҳои «Офтобӣ» сохти махсус дошта, аз девори дуқабата ва қабати гарминигоҳдоранда иборат аст. Байни деворҳо одатан бо сангу хок, аррамайда ё коҳ пур карда мешаванд. Дар ин гармхонаҳоро ҳатто дар ҳавои хунук ҳам сабзавот парвариш кардан мумкин аст. Чунин гармхонаҳо барои таъмини аҳолии маҳаллӣ бо сабзавот кӯмак мерасонад,-қайд намуд Т. Идрисов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






