ГИМНАЗИЯИ НАВ

Сентябрь 1, 2009 08:02

                Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 1 сентябр дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гимназияи нави хусусӣ кушода мешавад, ки «Кафолат» ном дорад. Дар он ба омӯхтани фанҳои гуманитарӣ диққати бештар дода хоҳад шуд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар гимназия бачагон аз синфи 1 то 7 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳсил хоҳанд кард. Умуман ба гимназияи нав 445 талаба қабул карда мешавад.                  Дар гимназия забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ омӯхта мешаванд.                  Муассисони гимназия барои таҳсилу истироҳати талабагон тамоми шароитро муҳайё намудаанд. Роҳбари он мудири собиқи шӯъбаи маорифи ноҳияи Сино Зебо Алиева мебошад. Таҳсил дар гимназия пулакист. Падару модарон барои таҳсили фарзанддонашон дар синфҳои ибтидоӣ дар давоми сол 800 доллари ИМА ва дар синфҳои болоӣ 850 доллари ИМА мепардозанд.

Сентябрь 1, 2009 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд