ГУФТУШУНИДИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН ДАР САТҲИ ОЛӢ

Сентябрь 25, 2009 08:40

                   Дар вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов масоили рушди минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани санадҳои қаблан имзошуда гуфтугӯ сурат гирифт.                  Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар таъкид намуданд.                    Масоили ҳамкорӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва гардиши озоди шаҳрвандон ва молу хизматрасонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.                       Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин оид ба масоили байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеи ду давлат дар ҳалли мушкилоти глобалӣ гуфтӯйи судманд анҷом доданд.

Сентябрь 25, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид