ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БА ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК НИЁЗ ДОРАНД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади дар мӯҳлати хуби агротехникӣ ба роҳ мондани корҳои мавсимӣ ва дастгирии молиявии кишоварзон тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 –уми феврали соли 2009 аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои барои қарзҳои хурд дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, барои қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 180 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Ин маблағ танҳо ба он хоҷагиҳое дода шуд, ки соли 2008 аз бонкҳо қарздор нашуданд. Роҳбари хоҷагии дехқонии Сафаралӣ Зарипови ҷамоати деҳоти Кӯлоб Маҳмадназар Насруллоев, ки соҳиби 230 гектар замин мебошад, сабаби қарздории хоҷагиҳои деҳқониро дар соли 2008 дар баланд будани фоизи қарзии бонкҳо (25 – 30 фоиз) медонад, ки баргардониданаш дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ номумкин аст. Хоҷагии мазкур бо сабаби аз соли гузашта аз бонкҳо 40 ҳазор сомонӣ қарздор буданаш соли ҷорӣ натавонист аз қарзҳои имтиёзноки давлатӣ, ки аз 14 то 18 фоиз мебошанд, истифода кунад. Хоҷагӣ барои муфлис нашудан ба қароре омад, ки дар оянда бе қарзи бонкҳо корро пеш барад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






