ХОНАИ КИТОБ СӮХТ

Сентябрь 10, 2009 15:25

              Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 9 сентябр соати тақрибан 3:00 шаб дар ноҳияи Муминобод дар мағозаи «Олами китоб», ки ба соҳибкор Қурбон Ғафурови 53 сола тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.                Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ иттилоъ доданд, алангаи оташ, инчунин ба мағозаи хӯроквории соҳибкор Ҳамрохон Ҳасанов ва нуқтаи гуфтугӯии «Вавилон» паҳн гардид.                  Дар натиҷа оташ масоҳати 250 метри квадратиро ба коми худ кашид. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ зарари тахминӣ 200 ҳазор сомониро ташкил дода, молу амволи аз сӯхтор наҷот дода 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.                 Сӯхтор аз тарафи шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи мазкур ва 25 нафар ихтиёрӣ пурра хомӯш карда шуд. Айни замон аз тарафи ХДО ва дигар мақомоти дахлдор дар ҷои ҳодиса тафтишот идома дорад. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешавад.  

Сентябрь 10, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд