«ХУҶАНД» ВА «ВАХШ» ДАР САФИ ПЕШИ МУСОБИҚА

Сентябрь 22, 2009 15:29

                 Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар ҷадвали мусобиқаи дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат дастаҳои «Хуҷанд» — и шаҳри Хуҷанд ва «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа пешсаф мебошанд.                 Дар даври 12 – уми мусобиқа дастаи «Хуҷанд» меҳмони дастаи футболи «Гвардия» гардида, онро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Дастаи «Вахш» низ дар майдони худ зимни қувваозмоӣ бо дастаи ЦСКА «Помир» бо ҳисоби калони 5:1 ғолиб омад.                   Дастаи футболи «Энергетик» дастаи «Равшан» — ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.                    Дастаҳои «Парвоз» ва «Спитамен» ба қувваозмоӣ бо дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар – Тадаз» ҳозир нашуданд. Бинобар ин бозиҳои мазкур ба фоидаи дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар – Тадаз» ҳисоб карда шуданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» зикр мекунад, ки дастаи футболи «Парвоз» — и ноҳияи Б.Ғафуров мисли дастаи «Спитамен» бо сабаби мушкилоти молиявӣ дар қувваозмоиҳо иштирок намекунад.

Сентябрь 22, 2009 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад