ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Қӯрғонтеппа, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 19 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷлосияи навбатии вакилони мардумии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар он натиҷаи тадбирҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии қитъаҳои замини қобили кишт дар миқёси вилоят муҳокима карда шуданд. Нақшаи тадбирҳои мазкур соли 2005 қабул карда шуда буд. Зикр шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда вазъияту ҳолати 27 ҳазору 898 гектар замини қобили кишт беҳтар гардонда шуд. Ин 98 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Раиси вилоят Ғайбулло Авзал зикр намуд, ки қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин бобат равшан шаҳодат медиҳанд. Қайд карда шуд, ки дар бобати беҳтар сохтани сифати замин иттиҳодияҳои истифодабарандагони об дар ноҳияҳо саҳми калон гузоштанд. Бо вуҷуди ин то имрӯз проблемаи сари вақт пардохтани ҳаққи оби истифодашуда ҳал нагардидааст. Хоҷагиҳо то имрӯз аз идораҳои тақсимоти об зиёда аз 80 миллион сомонӣ қарздоранд. 21,4 миллион сомонии он пули қувваи барқи истифодашуда мебошад. Дар баробари ин таъминоти техникии хоҷагиҳои оби вилоятро беҳтар кардан лозим аст. Раиси вилоят изҳор намуд, ки соли 2009 барои таъмини эҳтиёҷоти хоҷагии об 2,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки бисёр проблемаҳои соҳа ҳал карда шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






