ИСТИХРОҶИ НАФТ ДАР ҚУМСАНГИР МЕАФЗОЯД

Сентябрь 17, 2009 10:39

                   Қумсангир, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бар асоси иттилои роҳбари корхонаи истихроҷ ва коркарди нафти ҶДММ «Салоса»-и ноҳияи Қумсангир Искандар Ҷабборов давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи нафт дар корхона 4439 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 280 тонна зиёд аст. Ба гуфтаи ӯ корхона асосан мум коркард намуда, мувофиқи шартнома ба вазорати нақлиёт ва муассисаҳои нақлиётии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад. Гуфта мешавад нархи 1 тонна муми 60 ба 90 1500 сомонӣ ва 1 тонна мумии 40 ба 70 1100 сомониро ташкил дода, ба фурӯш бароварда мешавад. Масъулини корхонаи мазкур нақша доранд бо корхонаҳои давлати Чин ҳамкорӣ намуда, истихроҷи нафтро дар корхона ду баробар зиёд намоянд.

Сентябрь 17, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд