КӮДАКОНИ МАЪЮБ БА ТАЪЛИМ ФАРО ГИРИФТА НАМЕШАВАНД
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба гуфти мутахассиси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соима Муҳаббатова, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 19 ҳазор кӯдакони то 16 солаи имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шудааст. Раиси иттиҳоди миллии маъюбон Эсанбой Воҳидов, ба дуруст будани ин маълумот бо шӯбҳа менигарад. Бино ба гуфти ӯ мувофиқи конвенсияи қабулшудаи байналхалқӣ дар тамоми олам ҳар даҳум одам ба ягон навъи маъюбӣ гирифтор аст. Раиси фонди кӯдакони «Эҳё» Ҷамол Худододов, сабаби набудани маълумоти дақиқро дар он мебинад, ки нишондодҳои расмӣ ба шахсоне, ки аз рӯи маъюбӣ кӯмакпулӣ мегиранд, такя мекунанд. Бинобар ин аз рӯи ҳисоби оморӣ на ҳамаи кӯдакон аз қайди мактаб мегузаранд ё ба мактаб фаро гирифта мешаванд. Дар ноҳияи Восеъ мактаб барои кӯдакони ноқисулақл вуҷуд дорад, аммо барои кӯдакони нобино ва ношунаво мактаб вуҷуд надорад,(ба истиснои мактаби ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ), ки бояд ҳуқуқи ба таълим фаро гирифтани онҳо риоя карда шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






