КӮМАКИ БРИТАНИЯИ КАБИР БА МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Сентябрь 23, 2009 16:14

                  Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар» — news.org.). – Мудири шӯъбаи мамлакатҳои Шарқи Наздик, Осиё ва минтақаҳои баҳрии вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир Сю Вордел дирӯз зимни сӯҳбат бо журналистон хабар дод, ки ҳукумати Британияи Кабир барои расондани кӯмак ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиёт ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба маблағи 14 миллион фунт стерлинг кӯмаки моддӣ мерасонад.                   Бояд гуфт, ки сафари Сю Вордел дар Тоҷикистон дирӯз анҷом ёфт. Вай дар фарҷоми сафар барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд.                  Қайд карда шуд, ки маблағи кӯмак дар доираи барномаи нави стратегии ҳукумати Британияи Кабир барои дастгирии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷудо карда шудааст.                  Сю Вордел зикр намуд, ки дар давоми ду соли охир дар Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд. Бо вуҷуди ин қисми зиёди аҳолии мамлакат дар ҳолати қашшоқӣ зиндагӣ мекунад. Намояндаи Британияи Кабир изҳор намуд, ки шароити зиндагии аҳолии деҳот бояд то ҳадди имкон беҳтар карда шавад. Инчунин муборизаро барои пешгирии паҳн гардидани бемориҳои хавфноки сирояткунанда пурзӯр намуда, хавфи афзоиши муҳоҷирати ғайриқонуниро пешгирӣ карда, ба муқобили ришвахӯрӣ тадбирҳои судбахш андешидан зарур аст.                 Қайд карда шуд, ки Ҳукумат бояд барои амалӣ сохтани тадбирҳои зидди бӯҳрон ва афзун гардондани истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои самарабахш андешад.                   Яке аз роҳҳои беҳтар намудани вазъият дастгирии буҷети давлатӣ мебошад, гуфт С.Вордел. – Маблағи ҷудонамудани ҳукумати Британияи Кабир низ барои дастгирии буҷети давлат ва иҷрои барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.

Сентябрь 23, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд